Дар солҳои 60-70 -уми қарни гузашта қишварҳои абарқудрати дар муқобили Иттиҳоди Шуравӣ қарордошта дар татбиқи манфиатҳояшон аз сиёсикунонии дину оин кор мегирифтанд.
Зеро яке аз барчаспҳо ё заъферо, ки дар он пайдо намуда буданд, ин ҳам давлати илҳодӣ будани Шӯравӣ буд. Ҳамин тавр, баҳси геополитикие, ки барои сарзаминҳои шарқи мусалмонӣ ба миён омад бештар аз сиёсикунонии дину бовар ба ҳайси як гузинаи таъсиргузор кор гирифта шуд. Чунин ҳолат сабаби он гардид, ки дар иддае аз кишварҳои шарқи мусалмонӣ ҳизбу ҳаракатҳои динӣ созмон дода шуданд ва онҳо сармоягузорӣ карда шуда тақвият гардиданд. Ҳамчунин омӯзишу парвариш ва низоми таълимоти динӣ бо назардошти ҷанбаҳои таассубию хурофотиву таҳаммулнопазирӣ ва ифротӣ ба миён оварда шуданд, ки аксари онҳо бар алайҳи идеологияи коммунистӣ равона карда шуда буд ва меҳвари таҳаммулнопазириву душманӣ ин идеяи коммунизм ва образи коммунист буд. Чунин вазъ боиси он гардид, ки дар кишварҳои мусалмоннишини шарқӣ, махсусан дар кишварҳои Шарқи Миёнаву Наздик ҷиҳати тавсеаи манофеи хеш қудратҳои ҷаҳонӣ аз методҳои гуногун истифода намуданд. Махсусан ба тарзи густурда нашр кардани адабиёти дорои хислати экстремистӣ ва тавсеаи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии динӣ дар ҳалқаи кишварҳои мусалмоннишини ҳаммарз бо Шуравӣ ба миён оварда шуд, ки дорои ду ҳадаф буд:
Ҳадафи аввал, эҷоди монеа ба густариши таъсири Шуравӣ ба ин кишварҳо;
Ҳадафи дуввум, аз тариқи ин кишварҳо ворид намудани мафкура ва адабаиёти динию экстремистӣ ба минтақаҳои мусалмоннишини дохили Иттиҳоди Шуравӣ ва ба ин восита ба вуҷуд овардани ҳараҷу мараҷ ва афкори зиддидавлатӣ дар минтақаҳои мусалмоннишини шуравӣ.
Ҷиҳати иҷрои мақсадҳои худ ва тавсеаи манфиатҳояшон абарқудратҳо ҳар кадоме аз роҳу воситаҳои идеологии худ дастандаркор шуда буданд ва маблағҳои зиёдеро ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо истифода мекарданд. Охири солҳои 70 -уми қарни гузашта ҳамин гуна бархӯрдҳои геополитикӣ дар кишварҳои ҳаммарз бо Шуравӣ, махсусан дар Афғонистону Эрон ба вуҷуд оварда шуданд. Аз як тараф Шуравӣ бо идеологияи худ ва Ғарб бо идеологияи худ вориди бозӣ шуданд ва сабаби инқилобҳои ба вуқуъ пайваста дар минтақа гардиданд. Ҷанги Афғонистон, ки аз соли 1979, пас аз рух додани Инқилоби Савр ва рӯи кор омадани Ҷумҳурии халқии демократии Афғонистон сурат гирифт, ба як ҷанги доманадори байни қувваҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва НАТО мубаддал шуд. Дар баробари ҷанги гарм ҳамчунин ҷанги сарди иттилоотӣ низ идома дошт ва чунин амалкард боиси он гардид, ки вуруди адабиёти гуногуни динию экстремистӣ вориди фазои Шуравии собиқ, тавассути нафарони дар ин кишвар фиристода гардад. Барои ин ҳадаф Тоҷикистон аз нигоҳи геополитикӣ бисёр мувофиқ буд. Махсусан, дар давоми 10 соли ҷанг дар Афғонистон, ки гурӯҳҳои зиёди тундрави динӣ ба вуҷуд оварда шуданд ва адабиёти зиёди динию экстремистӣ дар Афғонистон ва ҳамчунин тавассути интишори густурдаи онҳо бо хатти сирилик, сабти фитаҳои аудиоии баромадҳои руҳониён ва дар онҳо ҷо кардани назариёти дурӯғпароканию иғвогарию ихтилофангез ва амсоли ин дар меҳвар қарор мегирифтанд. Қобили қайд аст, ки зери таъсири ҷангу ноамнии бардавоми Афғонистон Тоҷикистонро дар ҳолати осебпазирӣ қарор дод. Вуруди адабиёти экстремистӣ ва таъсиси гурӯҳҳои пинҳонкори экстремистӣ дар охири солҳои 80- ум дар Тоҷикистон амалӣ гардид. Гуруҳҳои манфиатхоҳи мутаассиби руҳонӣ тавонистанд, тавассути Афғонистон, ки кишвари ноором буд, дастрасӣ ба адабиёти динию экстремистӣ намоянд ва аз ин роҳ дар поёни мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ афкори диниро ба афкори сиёсӣ табдил дода вазъро ноором созанд. Онҳо ҳанӯз аз ибтидои соли 90 ҳаводиси баҳманмоҳро ба вуҷуд овардаанд ва сабаби аввалин бархурду хунрезӣ дар Тоҷикистон гардиданд. Бо аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ вуруди адабиёти экстремистӣ, ҳар гуна аслиҳаву нерӯ ба Тоҷикистон ниҳоят осон гардид ва таъсиси ташкилоти террористии наҳзатӣ, ки даъвои сари қудрат овардани як сохтори сиёсии диниро дошт ба амал бароварда шуд. Кишварҳои гуногун тариқи Афғонистони ноором гурӯҳҳои муайяни шаҳрвандони кишвари Тоҷикистонро таълимоти динию экстремистӣ дода, онҳоро ҳадафнок барои як ҷанги тамомайёр омода менамуданд.
Бо аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ сармоягузории бардавоми хориҷӣ ба наҳзати ифротгарои исломӣ, ки даъвои ба вуҷуд овардани ҳукумати теократиро дар Тоҷикистон дошт, афзуд. Аз соли 1991 сар карда гуруҳҳои динии ифротӣ, хусусан ташкилоти террористии наҳзатӣ барои аз байн бурдани давлати дунявии Тоҷикистон ва бо роҳи зурӣ сарнагун кардани ҳокимияти сиёсӣ омодагӣ мегирифтанд.
Пас аз интихоботи президентии соли 1991 саркардагони мухолифин, ки аксаран исломиёни сиёсӣ ва наҳзатӣ буданд, бо дастрас намудани аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ тариқи сарҳадоти Афғонистон ба фазаи ҷангӣ гузаштанд ва ҳукумати қонуниро сарнагун карда, ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар ба вуҷуд овардаанд. Агар ба дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ назар афканем, мебинем, ки агарчи минтақаҳои мусалмоннишин дар онҳо хеле зиёданд вале чунин навъи бархурд, ҷанги шаҳрвандӣ ва даъвои барҳам задани ҳокимияти дунявӣ ва ба вуҷуд овардани як ҳокимияти динсолор ва теократӣ сурат нагирифт. Масалан, дар Осиёи Миёна аҳолии кишварҳои дигар низ аксаран мусалмонанд, вале дар инҳо чунин бархурдҳо ба вуқуъ напайваст. Зеро онҳо мисли Тоҷикистон зери таъсирии ҷанги Афғонистон намонда буданд. Аз тарафи дигар бархурди асосии гурӯҳои ифротиву террористӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт.
Ибтидои солҳои 90- ум ҳануз эътилофи байналмиллалии мубориза бо терроризм ба вуҷуд наомада буд. Давлат ва мардуми тоҷик дар саргаҳи чунин бархӯрд бо терроризм қарор гирифта, онро аз сар гузаронид ва нагузошт то кишварҳои дигар бо он рӯёрӯ бошанд. Мутассифона, гоҳо аз ҷониби кишварҳои дигари минтақа ба ин муборизаи мо камтаваҷуҳӣ зоҳир шуда ва ҳатто нодида гирифта мешавад. Зеро ба вуҷуд овардани ҳизбу ҳаракатҳои динӣ, ки намунаи аввалинаш дар қаламрави Тоҷикистон сурат гирифт, ин танҳо як озмоише буд, ки Тоҷикистон тавонист пеши роҳи тавсеаи онро бигирад. Бояд ба як нукта таваҷҷуҳ намуд, ки ҳарчанд ташкилоти наҳзати террористӣ сабаби ҷанги шаҳрвандии бардавом, аз байн бурдани 150 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ва миллиардҳо доллар хисороти иқтисодӣ шуд, аммо ҷиҳати расидан ба сулҳ аъмоли террористии онҳо бахшида шуд. Аммо онҳо кирдорҳои ифротгароёнаву террористии хешро идома доданд.
Яъне хатари мазкур ҳанӯз аз байн нарафтааст ва дар қисмати шимолии Афғонистон қувваҳо ва гуруҳҳои зиёди террористӣ ҷамъ омадаанд, ки ҳадафи баъзе аз ин гурӯҳҳо Осиё Миёна буда, дар ин минтақа аз байн бурдани давлатҳои дорои низоми дунявию миллӣ аст. Бо хориҷ шудани неруи ИМА аз хоки ин кишвар вазъи Афғонистон метавонад бадтар шавад. Вобаста ба ин, боз ҳам Тоҷикистон ҳамчун марзи асосии ҳимояти Осиёи Марказӣ аз ин гирдобу талотум боқӣ мемонад. Дар ин ҳолат, ҳар қадар Тоҷикистон аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ қавитар ва каммушкилтар бошад, ҳамон қадар барои кишварҳои дигар осебпазирӣ камтар хоҳад буд. Зеро Тоҷикистон, ки дарозтарин сарҳадро бо Афғонистон дорад, дар ҳолати оромиш, суббот ва қавӣ будан аз лиҳози сиёсӣ ва нерӯҳои ҳарбӣ метавонад дар маҷмӯъ кишварҳои минтақаро аз хатари терроризму экстремизм эмин нигоҳ дорад.
Исомиддин Шарифзода,
номзади илмҳои фалсафа,
мудири кафедраи гуманитарии
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон