Ошибка
  • Ошибка при загрузке канала данных.

Сиёсат

Экстремизми динӣ ва оқбатҳои он

E-mail Печать
(1 овоз, ӯрта 1.00 аз 5)

Имруз чомеаи муосир таи санд соли охир  шохиди чангу даргирихо  ва  оташу хушунат  дар олами ислом аст. Миллионхо нафар мардуми осоиштаи кишвархои мусалмоннишин,  хатто  занонону кудакони бегунохи комилан аз  сиёсату  диёнат дурр  буда,  бо иллати бозихои геополитики  баъзе аз  давлатхои абаркудрат,  ба  хоку хун  огуштамешаванд  ё хонаву дари худро вогузошта  ба  дигар  кишвархо  мухочират мекунанд.

Замоне Ироку Сурия ва Либия дар сафи аввали  кишвархои мутаракки  ва  бонуфуз меистоданд. Саноати давлат ба  хадде пеш рафта  буд,  ки мактабу  богчахои бачагона,  беморхонахо  ройгон  дар  хидмати мардум карор доштанд,  дар шахрхои бузург хонахои истикоматии баландошёна  ба  мардум  аз чониби  давлат такдим  мешуд. Дар  Либия  барои хар узви оила  давлат хамасола 1000 доллар ёрии пули  мерасонд,  маоши хамшираи тиб  1000  долларро ташкил медод,   бекорон  бошанд  хар мох 730 доллар кумакпули  мегирифтанд,  ба хар як кудаки таваллудшуда 7000 доллар  аз  тарафи давлат  дода  мешуд. Дар  ин давлатхо мардуми мусулмон бо  масехи,  язиди ва насрони дар як куча  зиндаги  мекарданд  ва бо хам хеч ихтилофе надоштанд.

Муфассал
 

Салафия

E-mail Печать

Тахлили маводхо аз он шаходат медихад, ки яке аз унсурхои нави вазъияти фаврӯ дар самти мубориза бар зидди харакату чараёнхои динӯ-экстремистӯ дар худуди вилоят, ин фаъолияти аъзоён ва тарафдорони чараёни динӯ-фундаменталистии «Салафия» мебошад.

Чараёни «Салафия» дар ЧТ тахминан аз соли 2005 пайдо шудааст. Маълум шудааст, ки намояндагони ин чараен дар мадрасахои хусусии давлати Исломии Араб сабак гирифтаанд. Мафхуми «Салаф» аз калимаи араби «Салафа» ва ё худ пайравон мебошад.

Онхо се наслро «Салафи солех» меноманд: Насли аввал, «Сахобагон»- онхое, ки пайгамбарро шунидаанд, насли дувум, «Тобиин»- онхое, ки пайгамбарро надидаанд вале насли аввалро- «Сахобагон»-ро шунидаанд ва насли савум «Табаъ-тобиин»- онхое, ки «Тобиин»-ро шунидаанд. Се насли зикршуда дини исломро хамон гуна, ки дар ибтидо буд пайрави мекунанд.

Муфассал
 

Экстремизм хатаре, ки бештар ба ҷавонон таҳдид мекунад.

E-mail Печать

Зимни баррасии ин ё он падидаи ичтимои мо ба мохият ва аломатхои фаркунандаи як катор зухуроти дигар,  аз чумла экстремизм марок зохир мекунем. Он  вожаи лотинии «экстремус»  буда  канорагири,  мансубият ба  акидахои ифроти чорабинихо дар сиёсатро мефахмонад. Ба ин  чорабинихо игво,  бетартибихои чамъияти,  амалхои террористи  дохил  мешаванд.

Сабабхо  ва омилхои экстремизмро дар  чомеа олимон  дар  бухронхои иктисодиву  ичтимои,  камбизоати,  паст   будани  маърифати хукуки,  холигии фазои идеологи  мебинанд.  Омилхои  бавучудорандаи  экстремизм бахусус  пас  аз   пошхурии Иттиходи Шурави  ба  назар расида пеш  аз хама  ба заиф  гаштани вазъи амнияти,  кохиши сатхи иктисоди – ичтимои,  кушодашавии  сархадхо  барои тичорат,  мухочирати мехнатии беназорат  вобастагии зич дорад.

Муфассал
 

Терроризм-душмани инсоният

E-mail Печать

Мақсад ва ҳадафҳо, ки гурӯҳҳои иртиҷоӣ дар ниҳоди худ мепарваранд, онҳоро бо мисолҳои возеҳ баён намуд, ки ягонагиашон вайрон гардидани сохтори конститутсионии миллату халқиятҳо мебошанд. Аз ҷумла, таъкид кардан ба маврид аст, ки иштироки ҷавонони тоҷик дар ин ҷангҳо маънои ягон ҷиҳодро надорад. Танҳо дар зеҳну мафкураашон бадбинӣ ва нотавонбиниро талқин месозад.

Амалҳои чунин ҷавонон на аз таълимоти ислом бохабаранду на аз сиёсати кишварҳои манфиатхоҳ. Ин мушкилот албатта, боиси нигаронӣ ва ташвиш буда, ҳар як шаҳрванди солимфикрро масъул менамояд, ки ҷиҳати аз роҳи бад гардонидани чунин ҷавонон дар ҳамдастӣ бо ниҳодҳои дахлдор кӯшиш намоянд. Вақти он аст, ки мо бо тамоми масъулият нисбат ба ин амалҳои ғайриинсонӣ мубориза намоем.

Муфассал
 

Паёми Пешвои миллат роҳнамои ҳамарӯзаи мост

E-mail Печать

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба  самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар замоне сурат гирифт, ки кишвари азизи мо баъди ҷашни  25-солагии истиқлолияти кишвар, ки он як ҷамъбасти фаъолияти гуногунҷабҳаро ифода мекард ба  марҳалаи нави рушду инкишоф қадам мегузорад. Бемуҳобо дар давоми 25 соли истиқлолият дар ватани азизи мо пояҳои сулҳу ваҳдат ва истиқлол таҳким ёфт, ки қофиласолори ин амали неку хайр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат,Президенти Тоҷикистон, ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Дар баробари ин давоми  бисту панҷ сол тавассути  заҳмату фидокорӣ миллати мо дар ҷодаи сиёсату иқтисодиёт ва иҷтимоиёту  фарҳанг ба дастовардҳои шоиста сазовор гардид. Пешвои миллат дар Паёми худ маҳз ба ҳамин масъала яъне истиқлолият, ваҳдат ва сулҳ қабл аз ҳама эътибор доданд ва зикр намуданд ки ”бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем.

Муфассал
 
Страница 1 из 16

Янгилик

Жамият
Иқтисод
Маданият
Маориф
Соғлиқни сақлаш
Спорт, ёшлар ва турзм
Қишлоқ хӯжалиги
Экология
Бадиий материаллар
Ватандорлик
 
 

Хизмат кӯрсатиш МТИ "Кова"

  • Разработка web-сайтов

  • Техническое обслуживание

  • Проведение семинаров

Фотогалерея

Ташриф буюрувчилар

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterБугун98
mod_vvisit_counterҲафтада526
mod_vvisit_counterОйда16272
mod_vvisit_counterҲаммаси405057