Автор: Суғд Ҳақиқати Категория: Миллий хавфсизлик
Дата публикации Просмотров: 3367
Печать

 

 

Пас аз даст ба куштори сайёҳони хориҷӣ задани ТЭТ ҲНИ собит гардид, ки ҷомеаи башарӣ воқеан эътироф кард, ки ҳадафҳои ин афрод бар зидди ҳуқуқ, озодӣ, ҳаёт, қадр, номус ва манфиатҳои башарият ҳастанд. Ҳатто чанде қабл“Настояшее время”- телевизиони муштараки радиои “Озодӣ”ва “Садои Амрико” бо овардани пораҳои мусоҳиба аз забони худи роҳбари ҳамлагарон Ҳусейн Абдусамадовба даст доштан дар куштори сайёҳи хориҷӣ комилан исбот кард, ки ташкилоти экстремистию террористии ТЭТ ҲНИ пайваста ба пиёдасозии нақшаҳои муғризона кушиш дорад. Ҳатто дар хабаргузории РИА Новости ин гузориш пахш гардидааст ва ин далоили онро дорад, ки дар воқеъ ҷомеаи башарӣ маҳкумгари фаъолияти ТЭТ ҲНИ ҳастанд.

Қобили зикр аст, ки бо вуҷуди ҷоиз набудани ташкили ҳизб дар дини ислом агар ҲНИ ҳизби барои халқ манфиатовар мебуд, яке аз рӯзномаҳои бонуфузи араб, ки маркази дини ислом аст, ҲНИ-ро ташкилоти экстермистию террористӣ ва фаъолияти онро тундгароёна баҳогузорӣ намекард. Чанде пеш зиёда аз 120 олими варзидаи ислом дар як номаи пумуҳтавои худ ба ном роҳбари ДОИШ ба таври аз фаъолияти давлати исломӣ интиқод карда, ба далелҳои раднопазир таъкид карданд, ки дар ислом гурӯҳбозию, ҳизбгароӣ ва сиёсатпардозию манфиатҷӯӣ роиҷ нест ва тамоми амалҳои нафароне, ки худ аз номи ислом баромад карда, дар зери ниқоби дин амалҳои нопок пиёда месозанд, бешак бар хилофти тамоми таълимоти динӣ кор мекунанд. Фаъолияти ТЭТ ҲНИ низ бо тамоми ҷанбаҳояш ба хилофи ақидаҳои динӣ аст ва чанд баднияте танҳо бо мақсади пиёдасозии ҳадафҳои нопоки худ номи динро ниқоб кардаанд. Дар ҳоле ки ҳатто аҳли уламо чунин амалро маҳкум мекунанд, бо вуҷуди ин ҳама давом додани фаъолияти ғаразмандона аз ҷониби М. Кабирӣ, С.Истаравшанӣ, Темур Варқӣ ва чанд тундгароён дигар ҳоло ҳам ташвишовар аст.

Феълан Тоҷикистон, ки бинобар мавқеи ҷуғрофиаш дар яке аз минтақаи ҳассос ҷойгир аст, таваҷҷуҳи абарқудратҳо ба он равона шудааст ва бо он ки рӯз то рӯз муносибатҳои геополитикии абарқудратҳо шиддатноктар шуда истодааст, ҳар аҷнабие хостгори нооромии Тоҷикистони биҳиштосо аст. Дар ин самт аҷнабиён аз хоинони сифлие истифода мекунанд, ки барои пулу молу давлат ва манфиат ҳатто аз асли худ мегузаранд. Аммо аз асли худ гузашта то куҷо мераванд?

Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон ба намояндагони ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслакони онҳо бо камоли нафрат менигаранд ва маҳкум мекунанд. Аммо боиси таассуф аст, ки чашми гуруснаро танҳо хоки гӯр пур мекунад. То кунун наҳзатиёни ифротгаро аз пайи тарҳрезии нақшаҳои ғаразолуд ҳастанд. Дар ин авохир ташкили Анҷумани озодандешон низ, аз фитнаҳои навбатии хоинони кишвар маҳсуб меёбад. Иллати гумроҳии бархе аз ҷавонони ноогоҳ низ дар он аст, ки душманони миллат онҳоро гумроҳ намуда, ба роҳи худ меандозанд ва маҷбур месозанд, ки бар зидди асли худ ханҷар тез кунад.

Аммо ҷоизи таъкид аст, ки новобаста аз ҳама мухолифатҳо, эътирозҳо ва муборизаҳои беасоси бадхоҳони миллат мо тоҷикистониён онҳоеро ки ба Тоҷикистон нигоҳи душманона меандӯзанд, роҳ нахоҳем дод.

Замира Қаюмова – корманди МДТ

“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба

номи академик Бобоҷон Ғафуров”

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: