Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2691
Печать

Зимни боздошт қочоқбарони афғон муқовимати мусалалҳона нишон доданд

 

Кормандони КДАМ як сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа боздошт намуданд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба КДАМ Тоҷикистон, санаи 9 июни соли 2018, тахминан соати 21:15,  зимни амалиёти кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ  дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи Ёмҷи Ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон, сокини ҳамин деҳа — Туйбошев Шӯҳрат Мамлукович, соли таваллудаш 1990, аъзои фаъоли гурӯҳи  муташаккили ҷиноятӣ  бо 100 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, 3 адад яроқи оташфишон (2 адад тапончаи тамғаи «Глок» ва 1 адад тапончаи тамғаи «Беретта») ва 175 дона тирҳои мансуб ба яроқҳои номбаршуда, ки ба таври қочоқ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  дастрас намудааст, дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, ҳангоми амалиёт  се нафар қочоқбарони афғон муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, тавассути дарёи Панҷ ба самти Афғонистон фирор намуданд. Дар натиҷаи оташи ҷавобии кормандони мақомоти амният яке аз қочоқбарони афғон безарар гардонида шуд.  Нисбат ба  Ш.Туйбошев  бо моддаҳои 335 қисми 1, 289 қисми 3, 195 қисми 2 ва 200 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Ҳангоми  нишондод Ш.Туйбошев  оид ба алоқаҳои наздики худ аз ҳисоби аъзо ва роҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва даст доштани онҳо дар ин ҷинояти вазнин маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Зимнан зикр мегардад, ки тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар самти мазкур идома доранд.

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: