Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2393
Печать

(дар ҳошияи матлаби Д. Атовуллоҳ)

      

 Аҷаб сабки нигориши ҷолибе дорад Д. Атовуллоҳ. Бо чанд калима ва ё ҷумлаи мухтасар матолибе бузургеро ифода мекунад. Паём мерасонад. Воқеиятро бозгў месозад. Бепарда душманро душман, дўстро дўст, хасро хас, мушкро мушк, риёро риё, найрангбозро найрангбоз, иғвогарро иғвогар, қаллобро қаллоб, ҳалолро ҳалол ва ҳаромро ҳаром мегўяд. Ин ҳам бе тарсу ҳарос ва хушомаду тамаллуқ. Ў парвои онро надорад, ки матолибаш ба касе маъқул мешавад ё не. Аслан, фикрашро ҳам намекунад. Ин қабил шахсонро дар замони Шўрави «фуртакигўй» меномиданд. Ба назарам, фошкори, бепардагўйи ва ҷуръатманди расму роҳи зиндагии Д. Атовуллоҳ буда ва ҳаст.

 

      Д. Атовуллоҳ дар навишта ва матолиби хеш ҳамеша аз воқеият кор мегирад ва ин дафъа, воқеан, дар қолаби мардию мардонаги матлаби ахири кўтоҳ ва пурмуҳтавояшро зери унвони «Ногуфтаҳо ё дар интизори аломати нуқта» интишор додааст. Ибтидои матлаб бо нуқтаи атф аз меҳр ва ихлосаш ба иддае аз мухолифини дастаи аввал, ки ба қавли рўзноманигор, «ботақво ва дорои маънавиётанд» оғоз меёбад ва дар ин замина таъкид меварзад, ки бо он тим коре надорад. Ва ангушти мухотабро тарафи тими нави наҳзати, ки таҳти роҳбарии М. Кабири дар Аврупо ҷавлон мекунанд, рост менамояд. Зимнан, Додоҷони Атовуллоҳ  исми нафарони сарсупурдаи наҳзати ва шахси Кабириро бо характеристикаи мухтасар феҳрист мекунад, ки баъди мурури он хонанда ва корбар иттилои лозима ва дақиқро дар нисбати силсилаи муҳраҳои тахтаи бозии наҳзати пайдо менамояд. Рўзноманигор ва сиёсатмадори тоҷик Д. Атовуллоҳ дар листи хидматгорони Кабири ду симо – Темур Варқи (ба таъкиди муаллиф Темур Варақи) ва Ҳумайрои Бахтиёр (дар навишти муаллиф ба тарзи «кадомин Муминовае, ки бо номи "Хоҳар Ҳумайро" машҳур аст»)-ро мисол мезанад ва дигаронро ҳамчун бозигарони ҳошияви ишорат менамояд, ки қобили баҳсу исмгири нестанд. Ҳақиқати тими наҳзати ҳам ҳамин аст: ду-се нафар аз номи садҳои дигар, ки аслан камтарин нуфузи иҷтимои ва ҳатто хонаводаги надоранд, сухан мекунанд ва гурўҳи мухолифинро бузургу боҳашамат ҷилва медиҳанд. Ин тарзи кори наҳзат аз ибтидо будааст ва то имрўз идома дорад.

       Баъдан муносиби ҳадафи матлаб ва сабки матлуби нигориш Д.  Атовуллоҳ аз 5 категорияи иҷтимои - МИЁНАРАВҲО, НАСИҲАТФАРМОЁН, КОРШИНОСОН, ҲУКУМАТ, КАБИРӢ 
ва МАРДУМ муаддабона хоҳиш ба амал меоварад, ки дигар ба шахси Атовуллоҳ кор нагиранд ва осудааш бигузоранд. Сари ҳар як категорияи иҷтимои  ба таври иҷмоли таваққуф мекунем:

      1.Додоҷони Атовуллоҳ дар хоҳиш аз тими «МИЁНАРАВҲО» сареҳан иброз медорад, ки аз тамосу омадурафти ин гурўҳ, ки бозичаҳои дасти раҳбари фирории наҳзати буда, хоҳони сулҳи мо ва Кабири мебошанд, ба ҷон омадааст. Аз як тараф, хоҳиши сулҳ кардан бо Кабири як навъ манёври сиёсии раҳбари наҳзати аст ва бо ин роҳ мехоҳад ҷонибдори қудратманде дар симои Атовуллоҳ пайдо намояд ва сарусадояшро дар Аврупо баландтар карда, аз худ ва созмони террористиаш «нофи замин» тарошад. Аз тарафи дигар, мушаххасоти инфироди ва равонии Атовуллоҳ, ки бо миллиятхоҳи, ҳувиятсози, саркаши, чуръату ҷасорат ва фошгўйи тавъаманд, ба ҳеҷ ваҷҳ, иҷоза намедиҳанд, ки ў бо Кабирие, ки фурсатталабе беш нест, дар як сангар қарор бигирад. Ин аст, ки хитобан ба категорияи «МИЁНАРАВҲО» ошкоро ва бидуни ҳавою  риё арз медорад: «бо Кабирӣ пайвастан хиёнат ба озодӣ, хиёнат ба мубориза, хиёнат ба миллат аст». Ин хитоб шояд ба самъи думравакони Кабири, ки дар чанд категория мунсаҷим шудаанд, дуруст бирасад ва дигар аз рафтуомад ва тамосу робита бо Д. Атовуллоҳ даст бардоранд. Аммо мутмаин нестем, ки ин кор ба зуди анҷом шавад. Ин думравакон то дер боз Атовуллоҳ ва Атовуллоҳҳоро бо музахрафоту ваъдаҳои биҳиштии худ азият мекунанд, то бо Кабири ва тими наҳзати бипайванданд ва бар имиҷи фарсудаи раҳбари наҳзати имиҷи нав биафзоянд.

      2.Дар бахши дувум – «НАСИҲАТФАРМОЁН»  равшан таъкид мекунад, ки масире, ки Кабири ва тимаш тай мекунанд, раҳ ба асри миёна – ба ҷаҳолату таассуб ва хурофот мебарад ва дунявиятро асири хостҳои як мушт рўҳонии палид менамояд. Дар воқеъ, хамираи шахсиятии Кабири ва думравакони ў аз ҳамин мушти хурофоту таассуби асримиёнаги таркиб ёфтааст. Ин дар зоҳир аст, ки онҳо «дигар аврупои» (таъбири М. Кабири аст, ки доимо аз он, ба хотири гул задани мардуми тоҷик ва ҷомеаи мадании аврупои ёдовар  мешавад) шудем гуфта, малобиси аврупои бар тан карда, дар минбарҳои фароҳамовардаи пуштибононашон ҷилванамои ва фазлфурўши менамоянд. Аммо дар ботин ба одитарин талаботи давлат ва ҷомеаи дуняви эҳтиром намегузоранд, ва побанди хурофоту ҷаҳолати асрмиёнагианд. Ҳамин ки ба матолиби сомона ва пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилии наҳзатиён таваҷҷуҳ кардем, ба хуби дармеёбем, ки хатти машши ахбору навиштаҳо ва аксу нигораҳо ҳамаги ба як нуқта – бозгашт ба асри миёна ва «исломи ноб» - тамаркуз мекунанд. Аз ин ҷост, ки Д. Атовуллоҳ моҳияти тафаккур, асли мафкура ва фалсафаи қудрати сиёсии наҳзатиро хуб медонад ва дар гузашта таҷриба ҳам кардааст. Ўро чанд иғвогари беҳувият чи гуна метавонанд бифиребанд?

      3.Аҷиб нукотеро Д. Атовуллоҳ дар бахши «КОРШИНОСОН» ишора мефармояд. Ба соири коршиносоне, ки аз мафкура ва хатти сиёсии наҳзати пуштибони мекунанд, хитоб намуда, мегўяд, ки симои воқеии Кабириро бишиносанд. Манзури Д. Атовуллоҳ он аст, ки барои пардапўш кардани ниятҳои султахоҳи, исломисози, пулпарасти ва рифоҳталаби М. Кабири, усулан аз василаҳои маъмули риёкории сиёси ва иҷтимои кор мегирад ва худро чунон вонамуд мекунад, ки фариштае дар колбади инсонист. Ин «фаришта» бо муқаддасоти дини ва сиёси - Худо, дин, мазҳаб, Қуръон, паёмбар, миллат, давлат, демократия, мардумсолори, баробари, бародари, озоди, парламентаризм ва амсоли инҳо бози карда, ҳар яки ин вожагони калидиро дар ҷояш ба ҳадафи ба даст овардани султа, қудрати сиёси ва тиҷорати суйистифода мекунад. Мусоҳибаҳо, суханрониҳо ва матолиби ў аз корбурди вожагони болои моломол аст ва тавассути технологияи суханвари ҷомеаро таҳти фишори равони, забони, такаллуми ва сиёси қарор медиҳад.

      4.Нуктаи баҳси дар матлаби Д. Атовуллоҳ ҳамин бахши чаҳорум – «ҲУКУМАТ» аст, ки ба пиндори ў, Кабири дастпарвари тими Ҳукуматист ва зимни ишораи масъала, аз дастгоҳҳои давлати даъват ба амал меоварад, ки Кабири ва мақому ҷойгоҳи қаблиашро, ҳам дар бизнес ва ҳам дар сиёсат  баргардонанд, то аз шарраш халос шавад. Аммо нуқтаи баҳси ин аст, ки  Кабири худ ба дасти худ муносибаташро бо давлат ва Ҳукумат тира сохт. Бозиҳои пасипардаги бурд, буҷаи ҳизбро аз ҳисоби сармоягузориҳои ҳадафноки хориҷи, ки албатта, бебозгашт набуданд, комил кард, фазои иттилооти ва иҷтимоиро тариқи думравакону ҳаммаслаконаш мағшуш сохт, дар муҳитҳои иҷтимои ва оммави дунявиятро тадриҷан зери суол бурд ва шиорзаниҳои сунъию номутаносиби «демокросии исломи»-ро ҷойгузини он кард… Бар мабнои ин умур давлати дуняви чи гуна метавонист бо Кабири канор биёяд. Ба Кабири ва ҳизбаш имконоти фарохи фаъолият дод, вале аз ин имконот сўйистифода шуд, бинобар ин,  дар асоси далелҳои раднопазири исботкунандаи ҷиноятҳояш фаъолияти ин  ҳизб  боз дошта шуд. Агар ин корро намекард, имрўз амри маъруфи тахрибкоронаи наҳзатиҳо дар фазои Тоҷикистони озоду демократи танин меандохт. Ба ин мутмаин бояд буд. Таҷрибаи зиёда аз ҳазорсолаи ҳукуматҳои исломи ва собиқаи наздик ба чиҳилсолаи наҳзати ин воқеиятро бозгў мекунанд, ки давлати дини давлати мардуми нест ва он ҳеҷ гоҳ миллат, халқ ва ҷомеаро дар авлавият қарор намедиҳад.

      5.Дар бахши «Кабири» раҳбари наҳзатиро ба баҳси рў дар рў даъват мекунад ва ишора мефармояд, ки тибқи ойини сиёси ва фарҳанги сиёсатмадори амал намояд ва дар маърази корбарони фазои маҷози ва шабакаҳои иҷтимои аз худ дифоъ кунад. Хитобан менависад, ки аз пуштибониҳои фейки ва чанд беҳувият изҳори ризоият накунад, зеро онҳоро касе намешиносад ва дар пайи шинохти онҳо ҳам нест. Аз ин рў, баҳси рўбарў ва ошкоро роҳи ҳалли мушкилот аст. Қаблан инро ҳам мегўяд, ки омода аст сиёсатмадорро бишунавад ва ба ҳар нуктаи овардааш посух бидиҳад. Д. Атовуллоҳ баҳси бериё ва танҳо ба танҳоро хостор шудааст ва кашидани дигар нафаре ва ё гурўҳеро ба ин бозии номатлуб савоб намедонад. Аҷаб пешниҳоди хубе. Акнун навбати наҳзат  аст. Оё омода аст бо Д. Атовуллоҳ рў дар рў мубориза кунад ва ё боз мисли қабли думравакон ва гумоштаҳояшро ба бози медарорад ва худ аз пушт бозии номатлубро тамошо мекунад. Вақт довар аст, мунтазир мемонем.

      6.Ва дар ниҳояти қисса-матлаб Д. Атовуллоҳ ба «МАРДУМ» - ба сарчашмаи давлат ва Ҳукумат муроҷиат карда, ҷонибдори баҳси рў дар рўйи ду тарафи мутақобил будани халқро мепурсад. Рости, халқ ва мардум метавонанд ба хулосаҳои баҳси наҳзати ва дуняви нуқтаи тамат гузоранд. Фикр мекунем, рўзноманигор ва сиёсатмадори тоҷик Д. Атовуллоҳ «ногуфтаҳо ва аломати нуқта»-ашро тавонистааст, ки бигўяд ва дар сафҳаи моҷарои тўлони нуқта гузошта, дар ин маврид дигар интизори накашад. Ҳалолаш бод. Бо он ки халқ аз ҳарфҳои музахрафи наҳзатиҳо то гулў сер шудааст, аммо имрўз фурсате фаро расидааст, ки ҳарфи хотимавиро дар моҷарои Додоҷони Атовуллоҳ ва М.К. бизанад. Бовар дорем, ки ин ҳолат сурат мегирад ва ҳарфи дуняви (дар гуфтору навиштори Д. Атовуллоҳ) бар газофаҳои асримиёнаги (дар матолиби тими наҳзати)  пирўз хоҳад шуд… 

 

    Фаридун Ориёи, тахлилгар

 

     14 ноябри соли 2018, соати 11:15, ҷумъа

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: