Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2035
Печать

 

 

                                                         Айби хуб аблаҳ набинад дар ҷаҳон                  

                                                 Бошад андар ҷустани айби касон

 

Тавассути васоити ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ, ки имрӯзҳо хушбахтона ё бадбахтона бениҳоят зиёд шудаанд, вокуниш ё посухи ҳамватанони ихтиёран тарки ватанкардаро хонда, дар ҳайрат мемонам. Бахусус, навиштаҳои он хомабадастоне, ки гӯё барои «хақгӯияшон», вале дар асл барои бегонапарастиву душманпарвариашон дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, нафрати касро меоранд. Ахиран вокуниши Амруллоҳи Низомро нисбат ба маводи «Сатр. Тарғиби он риёкорие беш нест», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба нашр расида буд, хонда, ба хулосае омадам, ки Амруллоҳи Низом, гарчанде «ба Маккаю Мадина» рафта бошад ҳам, вале то ба ҳол ҳамон «шокии қадима» боқӣ мондааст.

 

Аввалан, банда аз як ҳолати номатлубе дар шигифтам, ки чаро аксари ҳамватанон ё ҳаммиллатони мо, ки гӯё аз дини муқаддаси Ислом ҳимоя мекунанд, расолати асосии онро дар сатру ҳиҷоб мебинанд. Дар ҳоле, ки мусулмони асил қабл аз ҳама бояд инсони поктинат, покдил, ростқавл, накӯкор, ободкор, хайрхоҳ ва амсоли ин хислатҳоро доро бошад. Аз ҷумла, 95 фӣ сади мақолаҳои сомонаи «Ислоҳ» дар бораи сатру ҳиҷоб навишта шудааст. Ба гумонам Муҳаммадиқболи Садриддин дини Исломро танҳо дар сатру ҳиҷоб мебинад, чун дар инъикоси ин мавзӯъ ба ифроту тафрит роҳ додааст. Ва ё дигар мусулмонтарошон, аз қабили ТТЭ ҲНИ ва ҷонибдоронашон, вақте сухан аз Ислом мезананд, қабл аз ҳама сатру ҳиҷоб, ришу фаш ва бисёрзаниро дар назар доранд. Аксарияти онҳо барои бароварда сохтани ҳадафҳои муғризонаи худ аз ҳеҷ дурӯғу тавҳин, худсафедкуниву дурӯягӣ ва хиёнаткорӣ, ки хоси мусулмон нест, ҳазар намекунанд. Бинобар ин ҳам, ҳанӯз аз оғози фаъолияти ТТЭ ҲНИ бараъло маълум буд, ки ин ташкилот дини мубини Исломро ба ҷуз пӯшиш чизи дигаре намедонад.

Амруллоҳ маънои калимаи «наҳзат»-ро кӯшиши фаҳмонидан кардааст. Агар ба забони ҳамтоёни Амруллоҳ гӯем, ин амали ӯ ҳамчун «нишонаҳои охирзамон»  ҷилва мекунад. Кор то ба ҷое расидааст, ки имрӯз Амруллоҳ ба мо маъно ва тобишҳои калимаи «наҳзат»-ро шарҳ додааст. Ба қавли маъруф: «Олимон мурданду ту олим шудӣ…».

Қитъа ба қитъа посухи Амруллоҳ ба маводи болозикр боиси хандаи хонанда мегардад. Вақте захираҳои луғавии ӯ тамом мешавад, аз гапҳои кӯчагӣ истифода мебарад. Нисбат ба занҳо ҳарфҳои носазо мезанад, яъне дар ин маврид, чеҳраи ҳақиқии худро зоҳир мекунад.

Аз вокуниши Амруллоҳ ба хубӣ аён мешавад, ки муаллифи он  аз лиҳози равонӣ ранҷ мебарад. Дашномҳои кӯчагии ӯ далели ин гуфтаҳост. Хушбахтона, маърифату фарҳанги пурғановати банда намегузорад, ки ҳарфҳои ғайриинсонии ӯро ҳамчун мисол дарҷ намоям… 

Раванди манъи сатру ҳиҷоб, бурқа ва дигар либосҳое, ки хоси мардуми давлатҳои арабӣ ҳастанд, баъди зиёд гаштани амалҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон ба миён омад. Коршиносон ба хулосае омаданд, ки чунин тарзи либоспӯшӣ барои муайян кардани шахсияти шаҳрвандон монеъ гардида, таҳдиди терроризмро эҷод мекунад. Бинобар ин ҳам манъи сатру ҳиҷоб ҳеҷ гоҳ боиси маҳдуд кардани ҳуқуқҳои шаҳрвандон буда наметавонад, чун ба хотири таъмини амнияти ҷомеа ва пешгирӣ аз терроризм аст.

Дар баробари кишварҳои Аврупо, аксари кишварҳои Осиёи Миёна солҳои охир, бо мақсади таъмини амният ва пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти терорристӣ пӯшидани бурқа, ҳиҷоб ва либоси ба фарҳанги миллии мо бегонаро манъ намуданд.

Чанде қабл дар кишвари Гурҷистон низ ба хулосае омаданд, ки масъалаи манъи бурқаву сатрро ба миён гузоранд. Дар ин маврид сардори Раёсати мусулмонони Гурҷистон Ҳоҷӣ Ромин Игидов чунин гуфта буд: «Дар мавриди ниқоб ва бурқа мо наметавонем бигӯем, ки дар ислом пӯшидани ин тарзи либоспӯшӣ барои занон як шарти қатъӣ бошад. Муҳим он аст, ки занон либосро ба талаботи қавонини ислом ҷавобгӯ созанд, яъне қабл аз ҳама он бояд шаффоф набошад, инчунин либоси танги ба бадан часпида ва диққатҷалбкунанда низ мухолифи ин қонунҳо мебошад».

Айнан чунин талабот дар кишвари мо низ ҷорӣ аст.  Қобили зикр аст, ки дар суннатҳои анъанавии миллати тоҷик пӯшидани либоси сиёҳ, бурқа ё сатр умуман роиҷ нест, ҳатто либоси мотами мардуми мо сиёҳ набуда, дар ҳеҷ давру замон чунин расму русум вуҷуд надошт.  Дар айни замон ҳолатҳои ба фарҳанги бегона рӯй овардани баъзе занону духтарони тоҷик, ки мояи тақлид ва пайравӣ ба фарҳанги бегонаро дошт, боиси ташвиш гардид ва хушбахтона, пеши роҳи онҳо сари вақт гирифта шуд.

Бояд дар ёд дошт, ки душманони миллат бо мақсади аз байн бурдани ҳувият ва симои миллии мо, тавассути бегонапарастоне, чун Амруллоҳи Низом ҳиҷобу рӯсарӣ ё либоси ба ном диниро тарғиб намуда, занону духтаронамонро ба гумроҳӣ мебаранд. Ин қабил занон қадру қимати озодию озодандешӣ ва имкониятҳои худро вобаста ба ҳуқуқҳояшон, ки давлату ҳукумат барояшон сазовор донистааст, нодида мегиранд. Хуб мешуд, агар занону хоҳаронамон ба гапфурӯшиҳои бегонапарастоне чун Амруллоҳ эътиное зоҳир накарда, бештар ба илм рӯ оварда, ватани азизамонро зебову обод гардонанд. Аз Амруллоҳ ва ҳаммаслаконаш мепурсам: «Сатру ҳиҷоб либоси миллии мо нестанд. Либоси миллии тоҷикӣ - фарҳанг, маънавиёт, симои миллати мост. Ва агар либоси миллии мо, ба умеди сатру ҳиҷоб аз байн равад, симои миллии мо низ аз байн хоҳад рафт. Куҷост шарафи миллӣ, ифтихори миллии ту, Амруллоҳ?»

 

Зиёвиддини Авлиёпур- коршиноси сиёсӣ

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: