Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2122
Печать

Мусоҳибаи  Давлатхӯҷа Назиров, доктори илмхои фалсафа, аъзои Иттифоки нависандагон ва журналистони Точикистон, сармухаррири газетаи «Щит» ба паҳлӯҳои норавшани раҳбарияти наҳзат ва даст доштани Кабирӣ дар табаддулоти даруниҳизбӣ равшанӣмеандозад.

 

Агар ин кор собит шавад, шакке нест, ки собит мешавад, Кабирӣ на танҳо дар табаддулот,балки дар куштори С.А.Нурӣ низ даст дорад.

       Ба ростӣ, барои мо наҳзатиҳои собиқа нав маълум мешавад, ки бо кадом фиребгарии тамомъиёр Кабирӣ бо пушти по задани гвардияи кӯҳнаи наҳзатӣ, роҳро на танҳо барои худ,балки оилаи сершумораш аз набераву абера сар карда то Бобои Тилло ҳамаро имтиёзхӯринаҳзат кард. Акошаву Бибисорову Муҳаммадтиллову Руҳуллоҷон ибни Кабирӣ ҳама элитаинаҳзат шуданд. Шахсиятҳои наҳзатӣ, ки дар саргаҳи ин ҳизб қарор доштанд, аз қабилиНавиду Сатторов Айёмиддину Саломов Абдулрасулу фарзандони Нурӣ ҳама пушти дарҳоикӯчаи Бохтар истоданду Кабирӣ бо он, ки заррае ҳам дар ин ҳизб саҳм надошт, садрнишину нухбаи ҳизб шуд.

         Аз бозе ки Кабирӣ дар сари рахти бемории Нурӣ муштарии доимӣ шуд, нафарониназдик ба Нурӣ инро медонистанду чандин бор ба Муҳамдочони Нурбинобар манфитадорба марг будани Нурӣ хабардор карданд. Чунончи, Д.Назиров  зикр мекунад: «Суханони баҷойи «моҳҳои июл-августи соли 2006 Нурӣ хеле бемор шуду ба хабаргириаш Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Муҳиддин Кабирӣ омаданд, ки аввалӣ ҳам аз беморӣ ранҷмебурд. Нурӣ бо мушкилӣ сӯҳбат мекард, аммо тавонист мавқеашро баён намояд, ӯ гуфт: «Умрам кам мондааст ва маро ояндаи ҳизб нигарон мекунад, метарсам, ки он аслиҳаи дастимансабпарастон ва муртадон нагардад!».

       Оё Кабирӣ як нафари дорои тафаккури нимамаҳалии бо олудагиҳои биёбонӣ махлут метавонист, раиси як ҳизби парламантӣ гардад? Ба ҳеч вачҳ не. Кабирииалломатарош бо донишҳои сатҳи пасти шарқшиносӣ, зоҳирпараст ва тобеи нафсиармонии омехта, ки маниши Кабириро ин ҳарфҳо хулосагирӣ мекунад, фақатметавонист, фарроши кӯчаи Бохтар шавад, вале ба ҳеҷ сурат нақши раҳбариронадошт. Дар ҳамин ҷо метавонем, нуқта бимонем. Нуқтаи ғафси тамат. Коғазроомехтаи ҳарфҳои беҳудаву пуч насозем. Вале ҳамоқатнигории Кабирӣ ва даст доштани ӯ дар табаддулоти ҳизбӣ ва давлатӣ маҷбур месозад, ки ба умқи фардии ин «сиёсатмадор»-и дингаро ва қотили Нурӣ бештар зеҳн биронем. Зеро ки:

1.     Кабирӣ мероси сулҳхоҳии собиқаи наҳзатро ба ду по ба замин зад ва аз ин ҳизби парлумонӣ ҳаракати террористии дар ҷустуҷуйи Интерпол сохт ва табдил дод.

2.     Ба иттиҳоди назари наҳзатиҳои оддӣ, ки мехостанд ба масири миллӣбаргарданд, Кабирӣ бо хонаводааш чунон зарбаи муҳлик зад, ки яке аъзои қаноти ҷангии наҳзат «Ансорулло» шуд, дигарӣ насронӣ гашт, сеюмӣ аҳлиташайъю ва чорумӣ салафӣ. Панҷумӣ дар маҳбас.

3.     Адами мудирият тамоми ҳайати шурои олии раёсати ин ҳизбро бинобар дастдоштан дар табаддулоти ҳарбӣ ба зиндон бурд. Гардонандаи  ин тахалуфот ва таклифоти тафриқавӣ  ҳама ба  як вожа ифода меёбад: Кабирӣ.

4.     Сармояи ину онро ҷамъ кард ва зад дар пояи девори хонаводааш. Воқеаҳои ахирмаълум агар намекарданд, хуни мардумро мемакид ва боз ҳам аз худ бутметарошид. 

5.     Пардаи асрор агар аз ҳувияти Кабирӣ  бардорем, ҳодисаҳои ачибу ғарибимаълум мешаванд. Чунончи, бо такя ба маълумоти нав ва бикри бойгониитаърихӣ маълум мегардад, ки амирсолорӣ ва манғитпарастӣ вабосмачигидӯстдории ин аслбохта решаҳои қавии қавмӣ доштааст. Нишонаҳоибосмачигарӣ дар ҳар шаклу сурате дар рафтори мухолифони ғурбатнишин эҳсос мешавад. Ин тарзи тафаккур пеш аз ҳама дар мафтуншавӣ ба ақоиди динӣва шиорпартоии подарҳаво зоҳир мегардад.  Дар ин бозиҳои шайтанатӣ муқассир Кабирӣ мебошад.

6.     Кабирӣ аз рӯйи ахбори ҳалқаҳои ба ӯ наздик, гароиши аз ҳад зиёд батаҷаммулпарастӣ ва зоҳиргарӣ дорад.  Ин гуна ашхос ҳама дар талаби ин дунёҳастанд ва охират. Ҳамин дугонагии тафаккур ва аслбохтагӣ Кабирироғурбатнишин, ҳизбро валангор ва мардумро овора кардааст.  Ин гумроҳи роҳисиёсат намедонад, ки  масири иштирок дар сиёсат созиш аст, на тафаккури хароби қотилӣ, осебрасонӣ ба миллат.   

Тафсири хиёнатҳои Кабирӣ давом дорад

Киморов Салим, коршиноси Маркази ҷавонон, собиқ узви наҳзат

 

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: